ҲНИТ. ҲАММАСЛАКУ ҲАМПЕШАИ ДИИШ

Хабарҳои охирин

Дар  истинод ба мадракҳои муътамад ва иқрори як қатор сарварони дастгиршудаи ташкилоти террористӣ – экстремистии ҲНИТ маълум гардидааст, ки маҳз тавассути ин ҳизби ифротгаро дар байни аҳолии баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ ва муҳоҷирон шабакаи пинҳонии таблиғотӣ ва интиқоли афроди гумроҳшуда ба майдонҳои ҷанги ДИИШ дар Сурия, Ироқ ва Афғонистон ташкил ва танзим мегардидааст. Аз 1140 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи омори расмӣ дар сафи ”Давлати исломӣ” меҷангиданду меҷанганд, беш аз нисфи онҳо ба воситаи шабакаи мазкур ба муҳорибаҳои хунини ифротгароёни исломӣ ҷалб шудаанд.
Аз лиҳози моҳият ва муҳтаво аҳдофи ТТЭ ҲНИТ ва  ДИИШ аз  ҳам  тафовути ҷиддӣ ва зиёде надоранд. Зоҳиран он чиро, ки  ДИИШ дар сатҳи “Хилофати исломӣ” татбиқ кардан мехоҳад, ҲНИТ дар сатҳи кишвари мо мехоҳад татбиқ кунад, зеро танзими муносибатҳои афроди ҷомеа аз дидгоҳи ин ду гурӯҳи ифротӣ бояд на бар асоси қонунҳои амалкунанда, балки ҳатман ва комилан бояд бар мабнои шариат ба роҳ монда шаванд. Маҳз ҳамин ҳадафи умумӣ водор мекунад, ки аъзои наҳзат Ватан ва наздикону пайвандони худро ҳавола ба тақдир карда, барои дастёбӣ ба ин “ҳадафи воло” ба Сурияву Ироқ ва дигар манотиқи ҳузури ДИИШ раванд ва ба ин тариқ ноогоҳона ба бозичаи дасти коргардонҳои саҳнаҳои сиёсат табдил гарданд.
Агар ба эътибор гирем, ки ТТЭ ҲНИТ дар арсаи чунин муҳорибаҳои хунини ифротгароён бозигари навзуҳур нест ва таҷрибаи хеле тӯлонии муборизаи сиёсӣ ва мусаллаҳонаеро дорад, ки ҳатто ДИИШ надорад,  пас метавон пай бурд, ки ҳузури чунин ҳизби ифротӣ ва саркардагони тундраву мутаассиби он, ки дастҳояшон дар хун олуда аст, дар арсаи сиёсии ҷомеаи мо то кадом андоза хатарзо хоҳад буд.