Тибки накшаи чорабинохои муштарак мехмонон аз Чумхурии Узбекистон ба Точикистон ташриф оварданд.

Exif_JPEG_420

Аз санаи 9 то 12 ноябри соли 2022 тибки накшаи чорабинихои муштарак хайати баландпояи Кумитаи давлатии бехатарии саноатии Чумхурии Ўзбекистон ба Чумхурии Точикистон ташриф оварданд:- Халматов Бахтиёр Илхамджанович – муовини якуми Кумитаи давлатии бехатарии саноатии Чумхурии Ўзбекистон;- Джураев Олимджон Азизович – муовини сардори раёсати тахлил ва координатсияи амалиёти назорати-профилактики;

– Майсупов Хикматилла Турсункулович – сардори нозироти бехатарии саноати дар сохахои ангишт, маъданхои кўхи ва гайримаъдан;- Юсупов Хикматилла Гафурджанович – сардори нозироти бехатарии саноати дар сохахои кимиё, нафтукимиё ва металлурги.

Санаи 9 ноябри соли 2022 тибки барнома хайати болозикр дар якчояги бо намояндагони Хадамот ба ЧСК “Ширкати Алюминийи Точик” сафарбар шудаанд. Сараввал хайати Чумхурии Ўзбекистонро бо осорохонаи Шарафи мехнатии Департаменти иттилоот ва робита бо чомеаи Чамъият шинос намуда, оиди таърихи сохташави, дастовардхо, хамкорихои байналхалќи ва фаъолияти истехсолии Чамъият маълумот доданд.

Сипас намояндагони Кумитаи давлатии бехатарии саноати аз иморати 4-уми истехсолоти электролизи, шуъбаи рехтагарии №1-и сехи рехтагари дидан намуданд. Хангоми боздид аз объектхои мазкур, кормандони мухандиси-техникии Чамъият оиди тартиби пешбурди корхо вобаста ба таъмини бехатарии саноати, дастурдихии техникаи бехатари маълумот дода, ба суолхои хайати Ўзбекистон посуххои мушаххас доданд. Баъди боздид аз ЧСК “Ширкати Алюминийи Точик” хайати Чумхурии Ўзбекистон барои шиносои ба Ќалъаи Хисор, вокеъ дар шахри Хисор сафарбар шуда, аз ёдгории таърихӣ-фарҳангии Точикистон шинос шуданд.

Санаи 10 ноябри соли 2022 хайати Кумитаи давлатии бехатарии саноатии Чумхурии Узбекистон ба НБО «Роѓун» сафар намуданд. Дар бинои маъмурии ЧСК НБО «Роѓун» мехмононро директори истехсолии ЧСК НБО «Рогун» Рахмонов Анвар Мирзоевич пешвоз гирифт. Баъдан дар мачлисгохи неругох аз тарафи Рахмонов А., ба мехмонон оиди рафти корхои сохмони неругох маълумот дода шуд. Сипас ба мехмонон дастурдихи оиди риояи техникаи бехатари гузаронида шуд. Баъдан мехмонон аз ташхисгохи марказии маводхои сохтмони, КРУЭ, баромадгохи накби СТ-4, садди неругох ва толори мошинхо дидан намуданд.

Санаи 11 ноябри соли 2022 хайати Ўзбекистон ба НБО “Норак” сафарбар шуда, аз сарбанди нерўгох, майдони тамошогох, маркази идораи танзимгари, толори мошинхо ва майдон барои ичрои корхои таъмири дидан намуданд.

Ќобили зикр аст, ки ташрифи намояндагони баландпояи Кумитаи давлатии бехатарии саноатии Чумхурии Ўзбекистон сафари якуми расми ба Тоиикистон баъди баимзорасонии ёддошти тафохум буда, барои батанзимдарории масъалахо ва мушкилихои бехатарии саноати ва табодули тачриба мусоидат хохад кард.