ПАРАФШОН ПАРЧАМАТ ТО ОСМОН БОД! «Сутудан, сурудан ва некӯ нигаҳ доштан- арҷгузорӣ ба ин рамзи муқаддаси давлатдорист»,- мегӯяд рохбари Хадамоти назорати давлатии бехатарии корхо дар саноъат ва сохаи кухкории назди ХЧТ Рахим Санъат Асо

 Парчам аз рӯзи қабул дар радифи Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ ба сифати рамзи давлати соҳибихтиёри тоҷикон ба сарвати муқаддаси маънавии ҷомеаи мо табдил ёфта, хурду бузург ба он бо муҳаббату садоқат нисбат ба ватан ва давлати миллии худ арҷ мегузоранд. Чунин иброз дошт Рохбари Хадамоти назорати давлатии бехатарии корхо дар саноат ва сохаи кухкории назди ХЧТ Рахим Санъат Асо.  Парчам шиносномаи ҳар давлат аст, ки аз рӯйи он кишварро ба расмият мешиносанд. Бо доштани Парчами давлатӣ мебояд ифтихор намуд ва нисбат ба он эҳтиром зоҳир кард.

24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон аст. Маҳз дар ҳамин рӯзи соли 1992 Парчами давлатӣ дар иҷлосияи Шӯрои Олӣ тасдиқ карда шудааст, ки барои қабули он 2 сол зарур омад.

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гӯшаҳои гуногуни Замин ва ҳатто ба кайҳон “сафар кардааст”. Дар тӯли солҳои Истиқлолияти Тоҷикистон Парчами давлатии кишвари мо борҳо дар арсаи ҷаҳонӣ баланд баарфйрохта шудааст. Он дар баландтарин қуллаҳои кӯҳҳои Помир, дар баландтарин нуқтаи Антарктида (қуллаи Винсон, 4892 м) ва тақрибан тӯли 7 моҳ дар кайҳон парафшон буд.

Чанд сол қабл ба пешвози 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дипломатҳои кишвар ба қуллаи кӯҳи Фудзиямаи Ҷопон баромаданд ва дар он ҷо Парчами давлатии кишвари моро барафрохтанд.

Инчунин тоҷикписари қирғизистонӣ Солиҷон Шарипов 23 январи соли 1998 ба кайҳон парвоз намуд ва бо худ Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамроҳ гирифт. Ин парчам муддати 193 рӯз дар кайҳон буд.

Тоҷикистон дар китоби «Рекордҳои Гиннес»

Парчами давлатии Тоҷикистон бори нахуст 30 августи соли 2011 дар паҳлӯи чапи Қасри Миллат таҳти ҳамовозии Суруди миллии Тоҷикистон бо иштирок ва дар ҳузури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти Парлумону ҳукумати кишвар ва сокинону меҳмонони бешумори пойтахт ба баландии рекордӣ дар ҷаҳон – 165 метр (қаблан Ҷумҳурии Озарбойҷон бо доштани парчами 162- метра бо унвони баландтарин парчам дар ҷаҳон сабт шуда буд) бардошта шуд.Баландии худи парчам 30 метр ва паҳноияш 60 метр мебошад. Пояи Парчами давлатӣ бо чунин баландӣ аз ҷониби бинокорони корхонаи «Алюминсохтмон» ва ширкати байналмилалии «Трайдент Саппот» бунёд ёфтааст. Бояд гуфт, ки дар маросими ифтитоҳӣ намояндаи китоби «Рекордҳои Гиннес», ки милаи Парчами миллии Тоҷикистонро расман ҳамчун баландтарин флагштоки дунё сабт кардааст, сертификат дар бораи баландтарин парчамро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим кард.

Ҳоло Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон ва Озарбойҷон аз зумраи кишварҳоеянд, ки дарозтарин парчамро дар ҷаҳон доро мебошанд. Парчами Арабистони Саудӣ (Ҷидда)-170 м, Ҷумҳурии Тоҷикистон- 165, Озарбойҷон-162, Кореяи Шимолӣ-160, Туркманистон-133, Урдун-130, Покистон-127, Амороти Муттаҳидаи Араб (Абузабӣ)-122, ИМА-122 метр баландӣ дорад.

Парчам дар «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ

Дар таърихи тамаддун ва фарҳанги бою қадимии давлатдории тоҷикон парчам ва парчамдорӣ таърихи ҷолибу тӯлонӣ дорад. Он дар осори хаттии қадимӣ, асотир, сарчашмаҳои таърихию адабӣ, достон, қиссаву ривоят, эҷодиёти шифоҳии мардум инъикос гардидааст. Дар он қиссаҳо парчам ҳамчун рамзи озодихоҳӣ, далериву шуҷоат васф мешавад.

Осори мутафаккирон, адибон, олимону муаррихон ба воситаи яке аз шоҳасарҳои адабиёти ҷаҳонӣ «Шоҳнома» то ба насли имрӯз расидааст. Дар «Шоҳнома»- и безаволи Фирдавсӣ тафсири олии парчаму парчамдорӣ ҳамчун рамзи давлатдорӣ, ифтихори миллӣ ва пирӯзиҳои ворисони Фаридун қаламдод ва баҳо дода мешавад.

«Дирафши Ковиёнӣ» ё парчами Фаридун аз чарм сохта шуда, рангҳои сурх, зард ва бунафш дошт ва бо зар оро дода шуда буд. Парчами аз тахти Ҷамшед ёфтшуда «Уқоби хуршед» ном дошт. Он минбаъд аз рамзи пирӯзӣ ба рамзи давлатдорӣ табдил ёфт ва имрӯз ҳам чунин асолатро дорост.

Интихоби Парчам миёни 200 лоиҳа

Чанд моҳ қабл аз санаи қабули Нишон ва Парчами давлатӣ дар Тоҷикистон озмун эълон карда шуд, ки он ба таври пӯшида ҷараён меёфт. Ба озмун беш аз 200 лоиҳа пешниҳод гардиданд, ки ҳар лоиҳаро комиссияи махсус таҳти роҳбарии академик Муҳаммад Осимӣ мавриди омӯзиш ва хулосабарорӣ қарор медод. Лоиҳаҳои пешниҳодгардида ҳамагӣ матои серанга (матоъ бо се тасмаи ранга) буданд, ки ҳар ранг ифодакунандаи муҳтавои таърихи гузашта ва имрӯзаи халқи тоҷик буд. Яъне ранги сурх — озодӣ, сафед — оромӣ, сабз — ободии давлат ва миллатро ифода мекард.

Ниҳоят, Комиссияи давлатӣ бо интихоби лоиҳаи Парчам ва Нишони давлатие, ки аз ҷониби З.Ҳабибуллоев, А. Заневский, Л. Додхудоева, Н.Игнатушина ва М.Сайдалиев пешниҳод шуда буд, ба кори худ нуқта гузошт. Шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ ба таҳия ва қабули рамзҳои нави давлатӣ монеа эҷод кард ва танҳо 24 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд, дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нишон ва Парчами нави давлатӣ қабул гардиданд.

Дар бораи парчамҳои ҷаҳон

— Илме, ки ба омӯзиши парчам машғул аст, вексиллология номида мешавад.

— Дар бештари кишварҳои олам барои таҳқири парчам тибқи қонунгузорӣ ҷазо дода мешавад.

— Аз ҳама парчамҳои мавҷуда дар ҷаҳон ба парчами ИМА бо ворид кардани ситораҳои нав тағйироти бештар ворид гардидааст.

— Сайёраи Марс парчами худро дорад.

  1. — Бозиҳои олимпӣ ҳамеша бо парчами Юнон оғоз мешаванд, зеро аввалин бор бозиҳо дар ин кишвар пайдо шудаанд.Парчамҳои Чад ва Руминия, парчамҳои Андора ва Молдова, парчамҳои Нидерландия ва Люксембург, парчамҳои Хорватия ва Парагвай, парчамҳои Русия, Словения ва Словакия, парчамҳои Баҳрайн ва Қатар, парчамҳои Гвинея ва Мали, парчамҳои Монако, Индонезия ва Полша, парчамҳои Италия ва Мексика, парчамҳои Ҳиндустон ва Ҳабашистон, парчамҳои Перу ва Канада ва, ниҳоят, парчамҳои Тоҷикистон, Маҷористон (Венгрия), Ҳиндустон, Эрон, Италия ва Булғория аз рӯи рангҳояшон ба ҳам монанданд.