ШАНБЕГИ ДАР ХАДАМОТИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ БЕХАТАРИИ КОРҲО ДАР САНОАТ ВА СОҲАИ КЎҲКОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 Тибки дастуру супоришхои рохбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  рохбарият ва кулли кормандони Хадамоти назорати давлатии бехатарии корхо дар саноат ва сохаи кўхкории назди Хукумати ЧТ  ба шанбегӣ баромада атрофи корхона ва дохили онро тозаву озода намуданд.

 

 

 

Дар шанбегӣ корҳои нармкунии бехи дарахтон, гулу гулзорҳо, тоза кардани ҷӯйборҳо, баровардани партовҳо ва сафед кардани гирду атрофи корхона ва дигар корҳо ба анҷом расонида шуд.

Мақсади асосии ин шанбегиҳо тоза нигоҳ доштани кўчаю хиёбонҳо ва корхонаҳо аз ифлосӣ мебошад. Дар шанбегӣ ҳайати кормандони Хадамот  иштироки фаъолона намуда, саҳни ҳавлии бинои Хадамотро аз баргу дигар партовњо тозаву озода намуданд. Бояд қайд намуд, ки то имрӯз  дар натиҷаи корҳои бунёдкориву созандагӣ дохил ва беруни бинои Хадамот  таъмир карда шуда, дар саҳни он дарахтони ҳамешасабз шинонда шуданд.

Мутобиқи нақшаи корҳои созандагию ободкорӣ, бо мақсади боз ҳам ободу зебо ва тозаю озода гардонидани ҳудуди бинои Хадамот  минбаъд низ бо ташаббуси рохбарият ва кулли кормандони Хадамоти  назорати давлатии бехатарии корхо дар саноат ва сохаи кўхкории назди Хукумати ЧТ  шанбегиҳо роҳандозӣ шудааст.

Ҳайати кормадони Хадамоти мазкур  тасмим доранд, ки бо дарки масъулияти баланди сокини пойтахт будан дар хуррамгардонии Душанбешаҳр ва дар сатҳи байналмиллалӣ сазовор пешвоз гирифтани ҷашни таърихии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” саҳми худро гузоранд.