Кумаки башардӯстонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Покистон дастрас гардид

Дирӯз, 15 сентябр, кумаки башардӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Ҷумҳурии Исломии Покистон дастрас гардид.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, 6 сентябр бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармоиши Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода қабул гардид, ки дар асоси он ба мардуми Ҷумҳурии Исломии Покистон кумаки башардӯстона ҷудо карда шуд ва 7 сентябр корвони мошинҳо ба самти Покистон равона гардид.

Бояд таъкид намуд, ки кумаки башардӯстона аз 500 тонна орд, 500 тонна оби нӯшокӣ, 1000 тонна ангиштсанг, 1000 тонна семент ва 2000 адад шифер иборат буда, вазни умумии беш аз 3000 тонна ва маблағи 12 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил дод.

Иқдоми мазкур нишони сиёсати башардӯстона ва ҳусни ҳамҷавории Роҳбари давлати Тоҷикистон мебошад.

Имрӯзҳо мардуми Ҷумҳурии Исломии Покистонро бориши зиёди борон ва ба амал омадани обхезиҳо, ки беш аз як моҳ инҷониб идома доранд, ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд.

Бар асари офатҳои табиӣ 1265 нафар ба ҳалокат расида, 33 миллион нафар шаҳрвандони кишвар зарар дидаанд.

Ҳамчунин беш аз як миллион манзили истиқоматӣ, роҳу пулҳо, дигар иншооти инфрасохторӣ ва заминҳои кишоварзӣ пурра хароб гардидаанд.

Дирӯз, 15 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф мулоқот анҷом доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба муносибат ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Покистонро баррасӣ намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст Шаҳбоз Шарифро ба муносибати интихоб гардиданаш ба маснади олии Сарвазири кишвари дӯсти Покистон табрик гуфта, дар фаъолияти сермасъули давлатиашон комёбиҳо орзу намуданд.

Дар баробари ин Пешвои миллат бинобар обхезиҳои фоҷеабору харобиовар дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Сарвазир ва тамоми мардуми бародари он кишвар ҳамдардӣ ва тасаллиёти самимии худро иброз намуданд.

Дар ин зимн Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон сипоси амиқи худ ва мардуми кишварашро ба ҷониби Тоҷикистон барои расонидани кумаки башарӣ изҳор намуданд.