ТАБРИКОТИ Рохбарияти Хадамоти назорати давлатии бехатарии корхо дар саноат ва сохаи кухкории назди Хукумати ЧТ бахшида ба Рӯзи табибон

Табибони ҳозиқи замон!
Чун анъана санаи 18 август ҳамчун рӯзи мавлуди Абӯалӣ ибни Сино ва рӯзи касбии кормандони соҳаи тиб ҷашн гирифта мешавад, зеро Абӯалӣ ибни Сино ҳамчун олим, табиб, файласуф ва адиби тоҷику форс дар рушду камоли тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми барҷаста дорад.

Ибни Сино на танҳо бо андешаҳои ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва сиёсиаш, балки тавассути назариёти тиббиаш ҷовидонаю абадзинда аст. Илми тиб исбот намудааст, дар ин соҳа нафароне фаъолият мекунанд, ки онҳо инсонҳои боиродаву матин ҳастанд. Зеро интихоби ин касб аз шахс масъулияти баландро талаб намуда, ҳифз ва эҳтиёти ҳаёти одамиро таъмин менамояд.

Аз ин лиҳоз, табиб шахсест, ки худоназаркарда аст. Аҳсан, ба табибони ҳозиқи замон!

На ҳар кас табиби ҳақиқӣ шуда метавонад. Табиби ҳақиқӣ кист? Нафаре, ки баробари бемораш намехобад, наменӯшад то бемораш шифо наёбад.

Муҳтарам табибон!

Аз ин минбари баланд ба Шумо баён менамоям, ки фарзандони арзандаи диёр ҳастед!Чу муҳофизони Ватан ҳаёти одамиро эмин хоҳед дошт. Мардуми ин марзу бум, ба Шумо эътимод доранд.

Пас, Шумо арзандаи ҳама қадршиносиву ҷоизаед.

Дар фаъолияти имрӯзаи кормандони соҳаи тиб як қатор чеҳра ва шахсиятҳое меистанд, ки зикри номи онҳо ҷоиз ва боиси ифтихор аст. Табибони ҳозиқ Неъматов Муҳаммадҷон, Қодирова Зоя , Ҳасанов Маъмур, Мамадёров Атамҷон, Марипов Ёқубҷон, Ҳамроқулова Умриниссо, Эргашев Содирҷон, Турсунов Аҳмадхӯҷа, Имомназаров Шӯҳрат, Илёсов Муҳаммадҷон, Турдалиев Қурбоналӣ, Аслонова Мавҷуда, Иномова Латофат, Ҷамолова Раъно, Сармусоқова Сабоат, Тоҳирова Манзура, Майнусов Шокир ва чанде дигарон.

Онҳо бо касбияти баланди хеш миёни мардум маҳбубияти хоса доранд. Месазад бигӯем, ки Шумоён табибони ҳозиқед!

Ҷиҳати беҳтар намудани заминаи моддиву техникии муассисаҳои тиббиву табобатӣ низ бо истифодаи имкониятҳои мавҷуда чораву тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда истодааст.
Дар фарҷоми суханам ба Шумоён, табибон, ҳамшираҳои шафқат ва онҳое, ки дар ин ҷодаи пурмасъулияти соҳаи тандурустӣ фаъолият менамоед, комёбиву муваффақиятҳо хоҳонам.

Ба Шумо саломатӣ ва барору комёбӣ таманно намуда, орзуманди онам, ки ҳамаи дониш, малака ва маҳорати хешро баҳри ҳифзи ҷомеа равона менамоед. Ҳадаф ва дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори хеш дониста, ба ҳар як бемор содиқона хизмати тиббӣ мерасонед.

Иди касбиатон муборак бошад, кормандони соҳаи тиб!