НИШАСТИ МАТБУОТӢ: 161 нафар роҳбарон ва шахсони масъули корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ ҷарима карда шуданд

Дар шаш моҳи соли 2022 161 нафар роҳбарон ва шахсони масъули корхонаҳо, ки дар фаъолияти онҳо риоя нагардидани талаботи қонунгузории амалкунанда ба назар расид, ба маблағи 680 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима карда шудаанд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Санъат Раҳим хабар дод.

Зикр шуд, ки мутаассифона, дар натиҷаи риоя нагардидани қоидаҳои бехатарӣ дар соли 2022 17 ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот ба қайд гирифта шуд. Аз ин шумора 14 нафар ҳалок ва 25 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бароштаанд. Таъкид карда шуд, ки аз ҷониби кормандони Хадамот бо мақсади бартарафнамоӣ ва пешгирии ҳодисаҳои нохуш мунтазам дар корхонаҳои зериназоратӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва профилактӣ доир карда мешаванд.

Ҳангоми гузаронидани назоратҳои техникӣ ба ҳамаи корхонаву ташкилотҳо нишондод бо назардошти камбудиҳои ҷойдошта пешниҳод гардида, барои бартараф намудани қойдавайронкуниҳо муҳлати муайян дода шудааст.

Гуфта шуд, ки ҳангоми гузаронидани назоратҳои техникӣ мутахассисони Хадамот 688 бандҳои риоя нагардидани санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ошкор намуданд.

Ба роҳбарони корхонаву ташкилотҳо ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ва қонунвайронкуниҳо 93 санад-нишондод пешниҳод гардидааст.