Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озод намудани судяҳо

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи озод намудани судяҳо

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Муҳаммадзода Ҳомидҷон Бобоҷон аз вазифаи раиси суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд,
Маҳмадсаидзода Рустам Маҳмадсаид аз вазифаи судяи суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд,
Раҳимзода Раҳмиддин Мирзокарим аз вазифаи судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, озод карда шаванд.

2. Ваколати судяи суди ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Қосимзода Раҳмат Маҳмуд бинобар вафоташ қатъ карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
30 майи соли 2022
№388