Созишнома оид ба маблағгузории Лоиҳаи барқарорсозии устувори ландшафтҳо дар Тоҷикистон ба имзо расид

Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Барномаи RESILAND CA+: Лоиҳаи барқарорсозии устувори ландшафтҳо дар Тоҷикистон) миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд дар Душанбе ба имзо расид.

Санади мазкурро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимлӣ ба имзо расониданд.

Зиёд намудани масоҳати заминҳое, ки дар онҳо идоракунии устувори ландшафтҳо дар минтақаҳои интихобгардидаи Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, инчунин таҳкими ҳамкорӣ бо мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар самти барқарорсозии ландшафтҳои байнисарҳадӣ аз ҳадафҳои лоиҳа арзёбӣ мегарданд.

Арзиши умумии лоиҳа 32,2 миллион ҳуқуқи махсуси қарзгириро ташкил дода, ба 45,0 миллион доллари амрикоӣ (маблағи грантӣ) баробар мебошад.

Муҳлати татбиқи лоиҳа панҷ солро ташкил дода, аз соли 2022 то соли 2027 идома меёбад.