Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим–Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистонро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрик гуфта, ба ӯ дар татбиқи ҳадафу нақшаҳои бар нафъи мардуми бародари Қазоқистон муайян кардаашон муваффақиятҳои бузург орзу намуданд.

Пешвои миллат ҷараёни инкишофи босуръати муносибатҳои ду кишвар ва таваҷҷуҳи пайвастаи Роҳбари давлати Қазоқистонро ба масъалаҳои таҳкими ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон таъкид намуданд.

Дар рафти суҳбат ҷанбаҳои алоҳидаи рӯзномаи ҳамкориҳои гуногунсамтаи Тоҷикистону Қазоқистон мавриди муҳокима қарор доштанд.