Миср хостори ифтитоҳи намояндагиҳо ва филиалҳои бонкҳояш дар Тоҷикистон гардид

Масъалаҳои марбут ба ифтитоҳи намояндагиҳо ва филиалҳои бонкҳои Мисри Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо ҳайати сармоягузорони Ҷумҳурии Мисри Араб, ки таҳти сарварии Осама Муҳамед Камол ба Тоҷикистон омадааст, дар Душанбе баррасӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.

Ҳоким Холиқзода гуфт, ки ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби сармояи мустақим ва фаъолияти озоду бемамониати сармоягузорони хориҷӣ дар бахши иқтисодиёт, аз ҷумла низоми бонкӣ шароити созгор ва заминаи меъёрию ҳуқуқии мукаммал фароҳам оварда шудааст. Мавсуф гуфт, ки ҷалби сармоягузорӣ яке аз масъалаҳои қобили таваҷҷуҳ буда, роҳандозии ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Мисри Араб дар самти сармоягузорӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои гуногун ва сармоягузории бахши бонкӣ ва суғурта ба мақсад мувофиқ мебошад.

Ҳоким Холиқзода сафари ҳайати сармоягузорони мисриро ба Тоҷикистон рӯйдоди муҳим ва заминаи нави мусоид барои тақвияти рушди ҳамкорӣ дар сатҳи нав миёни ҳарду кишвар, ки аз сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Мисри Араб маншаъ мегирад, арзёбӣ намуд.

Роҳбари ҳайати сармоягузорони мисрӣ Осама Муҳамед Камол ҳавасмандии худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории дуҷонибаи судманд ва имконияти сармоягузорӣ дар бахшҳои иқтисодиёт, аз ҷумла низоми бонкӣ баён дошт.Гуфта шуд, ки ташрифи соҳибкорону сармоягузорони Ҷумҳурии Мисри Араб ҷиҳати пайгирии раванди татбиқи санадҳои ҳамкорӣ миёни соҳибкорони ду кишвар ҳангоми баргузории Форуми сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Миср, ки моҳи марти соли равон дар Қоҳира ба имзо расида буд, ба таҳкими муносибатҳои тиҷоратии дуҷониба такони тоза хоҳад бахшид.

Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба имконияти саҳмгузорӣ ба сармояи бонкҳои Тоҷикистон аз ҷониби сармоягузорони ин кишвар, кушодани ташкилоти суғуртавӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни бонкҳои марказии Тоҷикистон ва Миср дар самтҳои гуногуни низоми бонкӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.

Ҳамчунин бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкории судманд миёни бонкҳои марказии Ҷумҳурии Мисри Араб ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои гуногуни бахши бонкӣ ва баимзорасонии Ёддошти тафоҳум дар самти мубодилаи маълумот ва таҷриба миёни бонкҳои марказӣ таваҷҷуҳ зохир гардид.

Дар доираи баргузории форуми ҳайати Мисри Араб ва намояндагони Тоҷикистон ба роҳ мондани муносибатҳо ва мустаҳкам намудани ҳамкории бисёрҷониба ба нақша гирифта шудааст.