Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи экология ва ҳифзи муҳити зист таҳким мебахшанд

Маҷмӯи масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷониба ва дурнамои рушд дар соҳаи ҳифзи муҳити зист миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон зимни вохӯрии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ва ҳайати Кумитаи давлатии экология ва ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Узбекистон дар Душанбе баррасӣ гардид.

Дар доираи сафари ҳайати Кумитаи давлатии экология ва ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон, ки аз 4 то 11 май ҷараён мегирад, баргузории чорабинию вохӯриҳо вобаста ба соҳаи экология ва муҳити зист, табодули таҷриба ва эҳёи неруи ҳамкории дутарафа дар назар аст.

Ҳамзамон интизор меравад, ки намояндагони Кумитаи давлатии экология ва ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Узбекистон аз мамнӯъгоҳҳо ва парваришгоҳҳои мавзеъҳои табиии махсус ҳифзшавандаи ноҳияҳои тобеи чумҳурӣ, ноҳияҳои Шӯроободу Данғараи вилояти Хатлон ва ноҳияи Дарвози Бадахшон боздид намоянд.