Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Туркия доир ба зарфияти энергетикии ду кишвар вохӯрии маҷозӣ доир намуданд

28 апрели соли 2022 бо мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анқара миёни Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва Вазири энергетика ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Туркия Фатиҳ Донмез вохӯрии маҷозӣ баргузор гардид.  Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба иқтидори энергетикии хеш ва имконияти тақвияти ҳамкорӣ дар самти тавлиди энергияи “сабз” бо истифода аз платформаҳои бисёрҷониба ва дуҷониба, аз ҷумла дар доираи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ мубодилаи афкор намуданд.

Далер Ҷумъа аз фурсати мусоид истифода бурда, Вазири энергетика ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Туркияро ҷиҳати иштирок дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” таҳти унвони “Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ”, ки аз 6 то 9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват намуд.

Ҷониби туркӣ ин даъватро бо хушнудӣ пазируфт.