ПРЕСС-РЕЛИЗ

ПРЕСС-РЕЛИЗ

Маълумоти мухтасар дар бораи фаъолияти Хадамоти назорати давлатии беҳатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021.

Дар Хадамот дар давраи ҳисоботӣ 2376 корҳона ва 10518 иншоотҳо ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷониби 8 нозиротҳои давлатӣ ва 3 нозиротҳои комплексии назорати беҳатарии саноатӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва вилояти Муҳтори  Куҳистони  Бадаҳшон дар корҳона ва иншоотҳои бақайдгирифташуда 220 назорати теҳникӣ гузаронида шуданд, ки аз инҳо 191 назорати нақшавӣ, 26 назорати ғайринақшавӣ ва 3 назорати иловагӣ мебошад.

Ҳангоми гузаронидани назоратҳои теҳникӣ нозирони Хадамот 1432 бандҳои вайронкуниҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ошкор кардаанд. Барои бартараф кардани камбудиҳо дар корҳонаҳои зериназоратӣ 220 санад-нишондод ва 21 нишондод оид ба боздошти кор пешниҳод гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ 361 нафар шаҳсони ҳуқуқӣ, мансабдор ва воқеии корҳонаҳои бақайдгирифташуда ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, 1306040,0 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуданд. Дар доираи ваколатҳо ба корҳонаву ташкилот ва иншоотҳои бақайд гирифташуда тибқи тартиби муқарраргардида 172 иҷозатномаи намудҳои фаъолият, 114 адад шаҳодатнома барои ҳариди маводи тарканда, 69 адад шаҳодатнома барои истифодабарии анборҳои маводи тарканда ва 194 адад иҷозат барои иҷрои корҳои таркишӣ дода шудааст.

Дар корҳонаву иншоотҳои зериназоратии Хадамот дар соли 2021 ҳамагӣ 39 ҳодисаи ноҳуш ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 24 нафар ҳалок ва 45 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Дар ҳамин давраи соли 2020 ҳамагӣ 31 ҳодисаи ноҳуш ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 8 нафар ҳалок ва 33 нафари дигар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар корҳонаҳои зериназоратии Ҳадамот дар соли 2021 шумораи ҳодисаҳои нохуш нисбат ба соли 2020 – 8 адад зиёд гардида, шумораи шахсони фавтида ба 16 нафар ва шумораи шахсони ҷароҳатбардошта 12 нафар зиёд гардидааст.

Сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохуш ин бемасъулиятии муҳандисони техникии корхонаҳо дар ҷойи ҳодиса, беаҳмиятии ҷабрдидагон ҳангоми кор бо иншооти хатарнок, риоя нагардидани қоидаҳои беҳатарии саноатӣ дар рафти кор бо иншооти истеҳсолии хатарнок, риоя накардани технологияи коркарди кон, ҳамчунин надоштани мутахассисони соҳавӣ мебошад.

Барои роҳ додан ба камбудиҳо нисбати 5 нафар шахсони мансабдор ба ҷавобгарии ҷиноӣ татбиқ карда шуда, инчунин нисбати 13 шахси ҳуқуқӣ, 40 шахси мансабдор ва 5 шахси воқеӣ аз тарафи комиссияҳои тафтишотӣ ҷазои маъмурӣ татбиқ гардида, яъне ҷаримабандӣ карда шудаанд. Маблағи умумии ҷаримабандӣ бар асари ҳодисаҳои нохуш нисбати масъулин татбиқгардида 264300,0 сомониро ташкил додааст.

Ба 69 нафар зарардидагон (аз ҷумла 24 нафар фавтидагон) аз тарафи корхонаҳо, иттифоқҳои касаба ва шахсони воқеъӣ ба ҷабрдидагон, дар асоси Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон боби 36 моддаи 343, ҷуброни зарар кумакпулии яқвақта ва барои гузаронидани маросимҳои дафн, маъракаҳо барои ҷароҳатбардоштагон, барои гирифтани табобат кӯмакҳои пулӣ ба маблағи 3373087,0 сомонӣ, инчунин кӯмакҳои молӣ расонида шуд.

 

МАРКАЗИ МАТБУОТӢ